Феврал 14, 2017 11:15 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи ду консулгарии ҷадиди Тоҷикистон дар Русия

Вазорати хориҷаи Русия аз ифтитоҳи ду консулгарии ҷадиди Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Новосибирск дар рӯзҳои наздик хабар дод.

Ба гузориши “СА - нюз”, Николай Афанасов, намояндаи Вазорати умури хориҷаи Русия дар вилояти Новосибирск гуфтааст, ин шаҳр маркази муҳими иртиботӣ ва ҳамлу нақли минтақаии Русия дар Сибир аст, ки ҳазорон коргари муҳоҷири тоҷик бо истифода аз фурӯдгоҳи он ба дигар вилоятҳои шарқии Русия сафар мекунанд.

Афанасов афзуд, ҳамакнун дар шаҳру вилояти Новосибирск ҳазорон хонаводаи тоҷик, ки теъдоде аз онон тобеияти Русияро ҳам пазируфтаанд, кору зиндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи намояндаи Вазорати умури хориҷаи Русия дар вилояти Новосибирск, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Русия низ аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ба шаҳри Новосибирск парвози мустақим доранд.

Бар асоси ин гузориш, Шамсиддин Зардӣ ба симмати консули Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск мансуб шудааст.

Ҳамчунин Владимир Запевалов, намояндаи Вазорати умури хориҷаи Русия дар Санкт-Петербург бо ишора ба ифтитоҳи консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр гуфт, бо оғоз ба кори ин консулгарӣ заминаи расидагӣ ба мушкилоти коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар ин минтақа фароҳам хоҳад шуд.

Санкт-Петербург яке аз муҳимтарин марокизи кору зиндагии тоҷикон дар Рӯсия маҳсуб мешавад.

Давлаталӣ Назризода, сухангӯи пешини Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон масъуляти консулгарии ин кишвар дар шаҳри Санкт-Петербургро бар ӯҳда мегирад.

Пеша аз ин Тоҷикистон дар ду шаҳри Екатеринбург ва Уфаи Русия консулгарӣ дошт.

 

Барчасп