Феврал 15, 2017 11:23 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистони имрӯз ба гузориши як хабарнигори қирғизистонӣ

Хабарнигори қирғизистонӣ пас аз сафари семоҳаи корӣ дар Тоҷикистон дар гузорише фазои бастаи сиёсиро аз муҳимтарин вижагиҳои Тоҷикистони имрӯз баршумурдааст.

Ба гузориши сайти Аки-пресс, Айдай Султанбек дар ин гузориш навиштааст: Бар хилофи пойтахти Қирғизистон, дар ҳамаи кучаву хиёбонҳо ва биноҳои шаҳри Душанбе аксҳои раиси ҷумҳурии ин кишвар дида мешавад.

Ин хабарнигори қирғиз меафзояд: Агар дар Қирғизистон шаҳрвандон аз тариқи расонаҳо битавонанд озодона дар бораи раиси ҷумҳурии кишварашон ибрози назар ва аз амалкарди вай интиқод кунанд, дар Тоҷикистон ҳеҷ кас дар ин мавзӯъҳо ҳарфе намезанад.

Айдай Султанбек бо ишора ба афзоиш фишорҳои ҳукумати Тоҷикистон бар мардону занони дорои зоҳири исломӣ тасреҳ кардааст: Бо вуҷуди ин фишорҳо теъдоди зиёде аз бонувони тоҷик ҳамчунон ба пӯшиши исломӣ пойбанд ҳастанд.

Вай дар айни ҳол таъкид кардааст, ки Тоҷикистон дар ҳоле бо чунин мушкилоте рӯбарӯ аст, ки дар Қирғизистон мусулмонон ҳеҷ мушкиле барои ҳифзи ҳиҷоб ё амал ба соири дастуроти шаръӣ надоранд.

Султанбек қатъи зиёди барқ ва суръати бисёр заифи интернет ҳатто дар меҳмонхонаҳои Тоҷикистонро аз дигар мушкилоти аслӣ дар пойтахти ин кишвар унвон карда ва ёдовар шудааст, ки ин мушкил солҳо қабл дар шаҳри Бишкек низ вуҷуд дошт, вале акнун ба фаромӯшӣ супурда шудааст.

Сохтмонҳои ниматамоми маскунии фаровон дар шаҳри Душанбе аз дигар тасвирҳое аст, ки ин хабарнигори қирғизистонӣ аз вазъи пойтахти Тоҷикистон тарсим намуда ва сабаби онро буҳрони иқтисодӣ ва камбуди манобеи молӣ дар ин кишвар унвон кардааст.

Айдай Султанбек дар айни ҳол меҳмоннавозӣ ва фарҳанги ғизоиро аз муштаракоти тоҷикҳо ва қирғизҳо ва баёнгари наздикии фарҳанги ин ду миллат донистааст.

Вай ҳамчунин бо ишора ба омори созмонҳои байналмилалӣ дар бораи Тоҷикистон ва Қирғизистон таъкид кардааст, ки агарчи ин ду кишвар аз нигоҳи созмонҳои ҷаҳонӣ аз фақиртарин кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, аммо ман надидам, ки дар ин ду кишвар касе бар асари гуруснагӣ ҷони худро аз даст дода бошад.

 

Барчасп