Феврал 15, 2017 17:57 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Тоҷикистон:Тавлид ва содироти калоҳои саноатӣ коҳиш ёфтааст

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз коҳиши 33 дарсадии содироти колоҳои саноатии шаҳри Душанбе дар муқоиса бо соли 2015 хабар дод.

Имрӯз дар «Кохи Борбад» мулоқоти раисиҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва масъулони бахшҳои гуногуни мақомоти иҷроии маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони пойтахт гуфт, дар Душанбе ҳоло 468 корхонаи саноатӣ кор мекунанд, ки назар ба замони Шӯравӣ 2,5 маротиба бештар аст.

Имрӯз 15 феврал Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот гуфт, шумораи корхонаҳои саноатии шаҳр ба 468 расидааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 273 корхона ё 2,5 баробар зиёд мебошад.

Дар идома раисиҷумҳури Тоҷикистон тасреҳ кард, ки соли 2016-ум 57 корхонаи саноатӣ бо сабаби фарсудашавии таҷҳизоти технологӣ ва камбудии молиявӣ аз фаъолият бозмонда, боиси коҳиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кам шудани ҷойҳои корӣ дар шаҳри Душанбе гардидааст.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар 160 корхона паст гардида, дар натиҷа аз 78 намуди маҳсулоти муҳимми саноатӣ истеҳсоли 31 номгӯй (40 фоиз) назар ба соли 2015 кам, 5 номгӯй маҳсулот (6,4 фоиз) умуман истеҳсол нашудааст ва дар натиҷа ҳаҷми содироти корхонаҳои саноатии пойтахт назар ба соли 2015-ум 33 фоиз коҳиш ёфтааст”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони пойтахт ба мавзуҳо е назири таъини кадрҳои ҷавон дар Душанбе, нигаронӣ аз пардохт нашудани ҳаққи барқ, сабаби харобии роҳҳоро, нигаронӣ аз донишу ахлоқи донишомӯзон дар Душанбе, одоби шаҳрнишинӣ, фасодкориҳо дар Душанбе ва чандин масоили дигар дахл намуда ва дар поён низ ба мақомоти зиратб дастуроте дод.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки ҳадафаш аз ин мулоқот баррасии вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, мушкилоти мавҷуди пойтахт ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо мебошад.

 

Барчасп