Интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон аз фасоди молӣ дар шаҳрдории Душанбе
Феврал 15, 2017 20:26 Asia/Dushanbe
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидори фаъолон ва масъулони бахшҳои гуногун ва дастгоҳҳои иҷроии давлатии шаҳри Душанбе аз фасоди молии густарда дар иҷрои тарҳҳои сохтмонии ин шаҳр интиқод кард.
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ аз Душанбе: Эмомалӣ Раҳмон аз Агентии мубориза бо фасоди ин кишвар хост, ки то аввали моҳи июл гузориши натоиҷи бозрасии фаъолиятҳои молии шаҳрдори собиқи Душанберо тадвину ироа кунад .