Коҳиши раванди пайвастани ҷавонон Тоҷикистон ба ДИИШ
Додситони кулли Тоҷикистон аз коҳиши гароиши ҷавонони тоҷик ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.
Ба гузориши сойти Озодагон, Юсуф Раҳмон дар гузорише ба аъзои Маҷлиси миллии ин кишвар гуфт, бо тадобири суратгирифта , ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги Сурия ва Ироқ ба 5 баробар коҳиш ёфтааст.
Юсуф Раҳмон афзуд, дар ин замина маҳаллаҳои осебпазир дар шаҳрҳои Тоҷикистон шиносоӣ ва дар ин манотиқ мубориза алайҳи ифротгарӣ шиддат ёфтааст.
Додситони кулли Тоҷикистон ҳамчунин аз шиносоӣ ва бастани 2030 пойгоҳи интернетии вобаста ба гурӯҳҳои ифротгаро хабар дод.
Ин изҳорот дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикистон бархе аз сойтҳои хабарӣ аз ҷумла “Озодагон”, Азия Плюс, “Озодӣ” ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ дастрас нестанд.