Билайн аз Тоҷикистон меравад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i13498-Билайн_аз_Тоҷикистон_меравад
Яке аз ширкатҳои бузурги телефони ҳамроҳи фаъол дар Тоҷикистон, бо ин кишвар қатъи ҳамкорӣ мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 16, 2017 10:53 Asia/Dushanbe
  • Билайн аз Тоҷикистон меравад

Яке аз ширкатҳои бузурги телефони ҳамроҳи фаъол дар Тоҷикистон, бо ин кишвар қатъи ҳамкорӣ мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, ширкати русии Билайн иллати ин тасмимро боло будани молиётҳо дар Тоҷикистон эълом кардааст.

Роҳбарияти "Билайн дар Тоҷикистон" мехоҳад фаъолияташро дар кишвар қатъ кунад. Ин қарори худро ширкат ба зиёд гардидани андоз вобаста мекунад.

Мақомоти "Билайн" мегӯянд, ширкат танҳо дар соли 2016 73 миллион доллар андоз супоридааст, дар ҳоле, ки даромади умумии оператори алоқаи мобилӣ 68 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон нархи истифодаи алоқаро боло мебаранд Аз сабаби бисёр будани хароҷот назар ба даромад, ширкат маҷбур шудаст, ки 40% кормандони худро ихтисор кунад ва умуман аз реклама даст кашад.

Хотиррасон мешавем, ки ширкати "Билайн" дар Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон фаъолият мекунад.