Эрон ба Тоҷикистон тахфифи транзитӣ медиҳад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i13510-Эрон_ба_Тоҷикистон_тахфифи_транзитӣ_медиҳад
Мудири кулли “Роҳи оҳан”-и устони Хуросони Разавии Эрон гуфт, Эрон барои транзити маҳсулоти стратегии Тоҷикистон тахфиф дар назар мегирад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 16, 2017 15:27 Asia/Dushanbe
  • Эрон ба Тоҷикистон тахфифи транзитӣ медиҳад

Мудири кулли “Роҳи оҳан”-и устони Хуросони Разавии Эрон гуфт, Эрон барои транзити маҳсулоти стратегии Тоҷикистон тахфиф дар назар мегирад.

Муҳаммадҳодӣ Зиёимеҳр, мудири кулли “Роҳи оҳан”-и Хуросони Разавӣ дар ин нишаст ибрози умедворӣ кард, арзиз ва пахта, ки ду маҳсули стратегии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, аз масири Бандар-Аббоси Эрон транзит мешаванд. Зиёимеҳр гуфт, Эрон барои транзити ин ду маҳсули Тоҷикистон 26 дарсад тахфифи транзитӣ роҳандозӣ хоҳад кард.

Розия Алиризоӣ, раиси Созмони саноат, маъдан ва тиҷорати устони Хуросони Разавӣ низ дар нишасти сеҷонибаи имрӯз дар Машҳад гуфт, Эрон бар асоси сиёсатҳои иқтисоди муқоваматӣ бояд содиротро ба Тоҷикистон ва Туркманистон афзоиш диҳад. Алирзоӣ рафъи мавонеи гумрукӣ ва шитоб гирифтани ҳамоҳангиҳои байнидавлатиро барои осонсозии мубодилоти иқтисодӣ аз аҳдофи баргузории нишасти сеҷонбаи Эрон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар Машҳад донист.

Дар нишасти якрӯзаи ҳамкориҳои иқтисодии Эрон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҷамъи зиёде аз масъулону сармоягузорони иқтисодӣ аз кишварҳои Эрон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи осонсозии додугирифти тиҷорӣ миёни се кишвар баҳсу табодули назар карданд.