Рушди чашмгири Тоҷикистон аз назари озодиҳои иқтисодӣ
Тоҷикистон дар раддабандии ҷадиди "Шохиси озодиҳои иқтисодӣ-2017" бо 40 зина рушд дар раддаи 109 қарор гирифтааст.
Нашрияи амрикоии “The Wall Sreet Journal” рӯз чаҳоршанбе, 15 феврал тозатарин раддабандии пажуҳишгоҳи Бунёди “Ҳеритиҷ”-ро мунташир кард, ки бар асоси он, Тоҷикистон аз назари озодиҳои иқтисодӣ, байни 178 кишвари ҷаҳон рутбаи 109-ро ба худ ихтисос додааст. Соли гузашта Тоҷикистон дар раддабандии “Шохиси озодиҳои иқтисодӣ” дар ҷойгоҳи 149 қарор дошт. Бо вуҷуди ин пешрафти 40-зинаӣ гузоришгарон бо сабаби вуҷуди фасоди густарда, андози сангин ва монанди он Тоҷикистонро ҳанӯз дар ҷамъи кишварҳои "камтар озод" қарор додаанд.
Дар ин раддабандӣ Қазоқистон дар мақоми 42, Қирғизистон 89, Узбакистон 148 ва Туркманистон дар ҷойгоҳи 170 қарор гирифтааст.
Бинобар гузориши пажӯҳишгоҳи “Ҳеритиҷ”, озодтарин иқтисодҳо дар Ҳонконг, Сингапур, Зеландияи Нав ва маҳдудтаринҳо дар Венесуэла, Куба ва Кореяи Шимолӣ будаанд.