Интизориҳои коршиносон аз сафари Путин ба Душанбе
Коршиносони Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон сафари қарибулвуқӯи Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ба Тоҷикистонро як сафари муҳими сиёсӣ арзёбӣ мекунанд.
Абдуллоҳи Раҳнамо, мудири Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон дар ин замина мегӯяд, “Владимир Путин фаротар аз ҷойгоҳи худ, ба унвони раиси ҷумҳурии Русия, ҳамчун як шахсияти ҷаҳонӣ низ эътироф шудааст ва табиатан сафари навбатии ӯ ба Тоҷикистон чархиши тозае дар равобити Маскаву Душанбе эҷод хоҳад кард”.
Абдуллоҳи Раҳнамо афзуд, дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи Владимир Путин ба Душанбе қарордодҳои муҳими дорои аҳамияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстона миёни Тоҷикистону Русия ба имзо хоҳад расид.
Ин таҳлилагри аршади Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон дар идома аз пешдоварии бархе расонаҳои хабарӣ перомуни далоили сафари раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон ва мавзӯоти эҳтимолие, ки дар ҷараёни ин сафар матраҳ мешавад, интиқод карду афзуд, бархе расонаҳо қасд доранд, ки сафари муҳими Владимир Путин ба Тоҷикистонро таҳти таъсири гумоназаниҳои хеш қарор диҳанд.
Гуфтанист, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия қарор аст дар авохири моҳи феврали соли ҷорӣ бо як сафари расмӣ озими Тоҷикистон шавад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар ҷараёни ин сафар як силсила тавофуқоти муҳим дар бахшҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ миёни Душанбе ва Маскав ба имзо хоҳад расид.
Коршиносони Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҷараёни ин сафар дар қатори дигар масоили муҳим, ҳамчунин интизор меравад, ки ду тараф дар мавриди осонсонсозии будубоши муҳоҷирони кории тоҷик ва авфи бахши аъзаме аз атбои ихроҷии тоҷик аз Русия низ тавофуқоте ҳосил шавад.