Феврал 18, 2017 16:38 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз ҳузури ҷавонон дар гурӯҳҳои ифротӣ

Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз ширкати ҷавонони тоҷик дар ҳаракатҳои ифротӣ ва дар ҷанги Сурия ибрози нигаронӣ кардааст.

Ба гузориши сойти Ахбор, Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар як ҷаласае ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон натоиҷи кори ниҳодҳои амниятии ҳукуматӣ, дар соли 2016 ва барномаҳои онҳо барои соли 2017-ро баррасӣ кард.

Дар ин нишаст додситони кул Юсуф Раҳмон, раҳбари Агентии мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода, вазири дохила Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймӯмин Ятимов, вазири дифоъ Шералӣ Мирзо, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Рустам Назарзода, раҳбари Агентии мубориза бо маводи мухаддир Шерхон Салимзода, фармондеҳони Гвардияи миллӣ ва нирӯҳои марзбонӣ Бобоҷон Ҷамолзода ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ гузориш додаанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин нишаст аз масъулони дастгоҳҳои амниятии ҳукумати Тоҷикистон хост барои рафъи мушкилоти мавҷуд, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таъмини амнияти давлат ва миллат, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, пешгирӣ аз фасод ва ҷурму ҷиноят, таъмини амнияти мардум ва пешгирӣ ва коҳиши паёмадҳои ҳаводиси табиӣ ба таври ҷиддӣ чораандешӣ кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бар тақвияти мубориза бо терроризм ва ифротгароии динӣ, сиёсӣ ва таъмини амнияти иқтисодии давлат таъкид кард.

Барчасп