Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар истифода аз интернет
Иттиҳоди байналмилалии иртиботи электроникии ниҳоди вобаста ба Созмони милали муттаҳид ҷойгоҳи кишварҳои ҷаҳонро дар истифода аз интернет таъин кардааст, ки Тоҷикистон ва Туркманистон дар ин радабандӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор гирифтаанд.
Ба иттилои Ка-Ниюз, бар асоси ин радабандӣ, Тоҷикистону Туркманистон дар гурӯҳи кишварҳое қарор гирифтаанд, ки 76 то 100 дарсад аз ҷамъияти он ба интернет дастрасӣ надоранд .
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар ҷойгоҳи аз ҳамаи беҳтар қарор гирифтааст ба тавре, ки 75 дарсад аз мардуми ин кишвар ба интернет дастрасӣ доранд .
Дар Узбакистону Қирғизистон аз 51 то 75 дарсад аз ҷамъият аз дастрасӣ ба интернет маҳрум ҳастанд .
Бар асоси гузориши Иттиҳоди байналмилалии иртиботи электроникӣ, 66 дарсад аз ҷамъияти кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд ба интернет дастрасӣ доранд .
Аз миёни ин ҷумҳуриҳо Русия дар радифи 10 кишвари нахусти ҷаҳон аз нигоҳи дастрасӣ ба интернет қарор гирифтааст .