Роҳандозии парвози Душанбе-Пекин; аз ҳафтаи оянда
(last modified Mon, 20 Feb 2017 10:17:53 GMT )
Феврал 20, 2017 15:17 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии парвози Душанбе-Пекин; аз ҳафтаи оянда

Ширкати ҳавопаймои мусофирбарии "Тоҷик-Эйр" аз роҳандозии парвозҳои Душанбе-Пекин хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории “Ховар”, Азиз Хайруллоев, сухангӯи ин ширкат иттилоъ дод, парвозҳои масири ҳавоии Душанбе–Пекин–Душанбе рӯзи 27 феврал оғоз мешавад.

Вай афзуд: парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба Пекин, пойтахти Чин рӯзҳои душанбе, соати 16:40, тавассути ҳавопаймои мусофирбарии Боинг 757–200 анҷом мешавад ва аз Пекин ба Душанбе рӯзҳои сешанбе, соати 3:30 шабона бо вақти Пекин сурат мегирад.

Сухангӯи ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик-Эйр" гуфт, тӯли парвоз аз Душанбе то Пекин 5 соату 30 дақиқа ва аз Пекин то Душанбе 6 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад ва арзиши билет барои ҳар ду масир 1748 сомонӣ ($220) аст.

Хайрулло Раҳимов, раиси ширкати "Тоҷик-Эйр" ҳадаф аз роҳандозии ин хатсайрро тасҳили рафту шуди мусофирон аз Тоҷикистон ба Чин ва баръакс унвон карда, гуфт: гушудани ин масири ҷадиди ҳавоӣ боиси афзоиши шумори бештари гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон ва тақвияти муносибатҳои мардуми ду кишвар мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки парвозҳои ширкати ҳавопаймоии мусофирбарии “Тоҷик Эйр” то ҳоло ба шаҳрҳои Алмаато (Қазоқистон), Бишкек (Қирқизистон), Деҳлӣ (Ҳинд), Теҳрон (Ҷумҳурии исломии Эрон), Маскав (Русия), Екатеринбург, Новосибирск ва Сургут ба роҳ монда шудааст.