Ҳукми зиндони абад барои як тоҷик дар Русия
(last modified 2017-02-23T05:46:21+00:00 )
Феврал 23, 2017 10:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми зиндони абад барои як тоҷик дар Русия

Додгоҳи вилояти Самара дар Русия, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми мушорикат дар куштори 6 тан аз аъзои хонаводаи полковники пулиси ин кишвар, ба зиндони абад маҳкум кард.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, ин додгоҳ ахиран Муҳаммадалӣ Аҳмадов шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди ҷумҳурии Озарбойҷонро ба иттиҳоми мушорикат дар қатли полковники пулис Андрей Гошт ва 5 узви хонаводаи вай, ба зиндони абад маҳкум кард.

Ин додгоҳ ҳамчунин ду шаҳрванди дигари ҷумҳурии Озарбойҷонро ба иттиҳоми мушорикат дар ин ҷиноят, ба 25 ва 26 сол зиндон маҳкум кард. Мақомоти интизомии вилояти Самара мегӯянд, ки ин 4 фарди маҳкум шуда шаби 24 апрели сол гузашта 2016 ба ҳадаф сирқати амволи хонаводаи полковники пулис Андрей Гошт, вориди манзили маскунии ӯ мешаванд ва дар ин ҳодиса вай ва 5 аъзои хонаводаи ин шаҳрванди Русияро ба таври бераҳмона ба қатл мерасонанд.

Муҳаммадалӣ Аҳмадов, шаҳрванди Тоҷикистон пас аз ин ҳодиса ба Тоҷикистон фирор мекунад ва мақомоти пулиси Русия мегӯнд, ки вай қасди рафтан ба Афғонистонро дошт, ки аз сӯи нерӯи интизомии Тоҷикистон дастгир мешавад. Аммо Вазорати дохилии Тоҷикистон эълом карда буд, ки Аҳмадов бо шунидани хабари эъломи номи вай, ба унвони яке аз қотилони Андрей Гошт ва 5 узви хонаводаи ӯ, худ довталабона ҳозир ба бозгашт ба Русия шуда ва иддао кардааст, ки дар ин ҷиноят нақше надорад. Аз сӯи дигар ахиран Орхан Зохрабов яке аз шаҳрвандони ба зиндон маҳкум шудаи ҷумҳурии Озарбойҷон дар ин моҷаро гуфтааст, ки онон қасди куштори касеро надошта, замоне мутаваҷҷеҳи ҳузури аъзои хонаводаи ин корманди пулис дар манзили маскунии вай мешаванд, аз тарс даст ба ин иқдоми бераҳмона задаанд.