"Чаро парвози Душанбе-Тошканд боз ҳам ба таъхир афтод?", суолест беҷавоб
(last modified Thu, 23 Feb 2017 16:06:42 GMT )
Феврал 23, 2017 21:06 Asia/Dushanbe

Парвози расмӣ дар масири Душанбе-Тошканд дар рӯзи 23 феврал дигарбора ба таъхир афтод.

Қарор буд, ки парвози расмии ҳавопаймои “Сомон эйр” аз Душанбе ба Тошканд  нисфирӯзии  23 феврал анҷом шавад, аммо бо далоили номаълум сурат нагирифт. Қаблан дафтари матбуотии ширкати "Сомон эйр" гуфта буд, ки ин парвоз ба шаҳри Тошканд бояд соати 13  (ба  вақти маҳаллӣ) сурат бигирад. Дар ҳамин ҳол, ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” аз тавзеҳи иллати таъхир дар парвози мазкур худдорӣ карда, масъулини  Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ гуфтаанд, ки далели анҷом нашудани парвоз ба шаҳри Тошканро намедонад.

Ёдовар мешавем, ки интизор буд, нахустин парвози муназзам аз Душанбе ба Тошканд тавассути ҳавопаймоҳои "Сомон эйр" субҳи рӯзи 20 феврал сурат гирад. Аммо ин парвоз дар вақти таъйиншуда анҷом нашуд ва мақомоти ширкати “Сомон эйр” дар аввал эълон карданд, ки бо вуҷуди доштани муҷаввиз фурудгоҳи шаҳри Тошканд ба қабули ҳавопаймои ин ширкат ризоят надод.  Ба қавли масъулони ширкати "Сомон эйр",  он рӯз 26 мусофир билет харида ва омодаи сафар аз Душанбе ба Тошканд буданд. Аммо мақомоти Узбакистон гуфтанд, ки парвоз ба далели саривақт таҳия нашудани асноди зарурӣ аз ҷониби ширкати "Сомон эйр"-и Тоҷикистон ба таъхир афтодааст.

Дафтари матбуоти ширкати "Узбекистон ҳаво йуллари" гуфтааст, ки асноди расмӣ барои дарёфти муҷҷавизи парвоз аз Душанбе ба Тошканд бояд чанд рӯз пеш аз парвоз ирсол мегардид, дар ҳоле ки ин аснод танҳо як руз қабл дарёфт  шуд. Баъдан, ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» бо пахши баёние эътироф кард, ки дар қазияи мазкур кӯтоҳӣ аз ин ширкат будааст. Ба дунболи ин Алишер Рустамов, мудири тиҷоратии ширкати "Сомон эйр" бо айби таъхир дар ирсоли бастаи санадҳо ба Узбакистон аз мақомаш барканор шуд. Масъулони ширкати "Сомон эйр" ҳамчунин барои пеш омадани чунин вазъ аз мусофирону ҳамкоронашон дар Узбакистон узрхоҳӣ кардаанд.

Гуфтанист, нахустин парвози озмоишӣ дар масири Душанбе – Тошканд баъди 25 соли таввақуф рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ анҷом шуд ва қарор буд, парвозҳои муназзам дар ин масир аз рӯзи 20 феврал ҳафтае як маротиба шурӯъ шавад. Равобити Тоҷикистону Узбакистон дар авохири  солҳои 90-уми қарни гузашта  ба сардӣ гароид, ки ба дунболи он Тошканд дар соли 1999 ба таври якҷониба бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кард.  Аммо парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар аз ин пештар, дар соли 1992 қатъ шуда буд.