Дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон душвор аст
Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, дар солҳои ахир дастрасӣ ба иттилоот дар ин кишвар бо мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ шудааст.
Ба гузориши сайти “Сurrenttime.tv”, Нуриддин Қаршибоев дар мизи гирди баррасии вазъи дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон гуфтааст, ки 73 дарсади ширкаткунандагон дар назарсанҷии ин ниҳод аз вуҷуди мушкилоти ҷиддӣ барои ба даст овардани иттилоот хабар додаанд.
Қаршибоев таъкид кардааст, ки бар асоси қонуни асосӣ ва қонуни матбуоти Тоҷикистон, кормандони идороти давлатӣ муваззаф ҳастанд ғайр аз мавзӯоти маҳрамона, сойири иттилооти худро дар ихтиёри расонаҳои хабарӣ бигзоранд, аммо ин қавонин амалӣ намешавад.
Хуршеди Атовуллоҳ, мудири Маркази таҳқиқоти рӯзноманигории Тоҷикистон низ дар ин нишаст гуфтааст, ки дафтарҳои матбуотии вазоратҳову созмонҳои давлатӣ бо расонаҳои хабарӣ ва ба вижа сайтҳову ҳафтаномаҳои мустақил ҳамкорӣ намекунанд.
Ба гуфтаи Атовуллоҳ, дарёфти тавзеҳи мақомоти ҳукуматӣ дар бораи ахбори муҳим дар бархе маворид 3 рӯз замон мебарад, ба наҳве ки ин иттилоот дигар аҳамияти худро аз даст медиҳад.
Ширкаткунандагон дар ин мизи гирд аз коҳиши эътимоди мардум ба расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ ва иллати ин мушкилро маҳдудият дар арзаи иттилооту ироаи таҳлилу тафсир ва низ яксон будани ахбору гузоришҳои расонаҳои хабарӣ унвон карданд.