Феврал 25, 2017 11:39 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи ислоҳи қонунҳо дар нишасти ҳайати давлати Тоҷикистон

Ҳайати давлати Тоҷикистон дар нишасти ахири худ дар Душанбе мавзӯи иҷрои Кодекси замин ва тарҳи ислоҳи чанд қонуни дигари ин кишварро баррасӣ кард.

Ба гузориши сайти итилоърасонии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин нишаст, ки ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, муовини раиси Кумитаи давлатии замин ва нақшабардории Тоҷикистон аз раванди истифода аз заминҳои ин кишвар гузоришеро ироа кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст назорати ҷиддӣ бар истифодаи ҳадафманд аз заминҳои ин кишвар ва ҷилавгирӣ аз фурӯши ғайриқонунии заминро хостор шуд.

Дар нишасти ҳайати давлати Тоҷикистон тарҳи ислоҳи Қонуни буҷети давлатӣ барои соли 2017, қонуни ҷаримаҳои умумӣ ва қонуни муҷозоти иқтисодӣ тасвиб ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар ироа шуд.

Ҳамчунин тарҳи ислоҳи Қонуни танзими расму ойинҳои миллӣ бо таъйиди ҳайати давлат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони ин ҷумҳурӣ фиристода шуд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин нишаст бар рафъи авоқиби ногувори бориши барфу резиши баҳман дар роҳҳои муҳими марказ, шимолу шарқи ин кишвар ва кӯмак ба осебдидагони ин ҳаводиси табиӣ таъкид кард.

Дар нишасти ахири ҳайати давлати Тоҷикистон раванди иҷрои барномаҳои миллии муқобила бо СПИД, ироаи кӯмакҳои беҳдоштиву дармонӣ ба сокинони навоҳии дурдаст, иртиқои кайфияти омӯзишҳои фанниву ҳирфаӣ ва донишгоҳиву фаъолияти марокизи интишоротӣ дар ин ҷумҳурӣ баррасӣ шуд.

 

Барчасп