Ирсоли кумакҳои башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон
(last modified Sat, 25 Feb 2017 10:21:52 GMT )
Феврал 25, 2017 15:21 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли кумакҳои башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон

Русия барои осебдидагон аз бориши барфи зиёд ва резиши тарма дар Тоҷикистон 40 тон кумакҳои башардӯстона фиристодааст.

Ба гузориши Азия-Плюс, ин кумакҳои башардӯстона шомили ғизо, чодар, курпа-рӯйпуш ва генератори барқ аст, ки ба дастури Путин, раиси ҷумҳурии Русия барои осебдидагони тоҷикистонӣ ирсол шудааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ин кумакҳоро аз фурудгоҳи «Раменское»-и Маскав ба Душанбе ирсол кардааст.

Маскав ва Душанбе аз моҳи январи соли 1997 дар заминаи мудофиаи шаҳрвандӣ ва рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо кардаанд.

Дар пайи бориши барфи зиёд ва резиши тарма дар як моҳи охир дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон 17 тан ҷон бохтанд.

Ҳамчунин дар ин боришҳо зарарҳои зиёде ба иқтисоди Тоҷикистон ворид шуд ва даҳҳо хона дар муҳосираи барф монд.

 

Барчасп