Феврал 26, 2017 09:55 Asia/Dushanbe
  • Бозгушоии роҳи Душанбе – Хуҷанд

Роҳи иртиботии марказ ва шимоли Тоҷикистон пас аз як ҳафта масдуд шудан ба иллати бориши барфи зиёд ва тармафароӣ, бозгушоӣ гардид ва ҳаракати васоили нақлияи умумӣ ва мусофирин дар ин масир аз сар гирифта шуд.

Ба гузориши сойти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, мақомоти ин ниҳод бо эъломи хабари бозгушоии роҳи Душанбе - Хуҷанд аз ронандагон хостаанд, ки ҷониби эҳтиётро муроот кунанд.

Ба гуфтаи коршиносон ба далели баста будани ин роҳи муҳим, нархи картошка дар бозорҳои Душанбе боло рафта, сӯзишворӣ – бензину гази моеъ – камчин гардид. Зеро умдаи сӯхти мавриди ниёзи маркази Тоҷикистон аз Русия, Қазоқистон ва Қиғизистон ворид мешавад. Ин дар ҳоле аст, ки дар масири Душанбе - Хуҷанд бар асари шиддати боришот ва фаромадани тарма 13 нафар, аз ҷумла ду корманди ширкати роҳдорӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Ахиран Қоҳир Расулзода-нахуствазири Тоҷикистон ва теъдоде аз вазирон бо сафар ба маҳалли масдуд шудаи роҳи Душанбе – Хуҷанд, барои бозгушоии ҳарчӣ сареътари ин масир, ирсоли таҷҳизоти бештари роҳдорӣ ва имконотро хостор шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои бартараф намудани авоқиби ин ҳаводис аз ҷомеа ҷаҳонӣ дархости кӯмак кардааст, ки Русия илова бар ирсоли 40 тон колоҳои башардӯстона аз фармондеҳии пойгоҳи низоми 201 артиш иин кишвар мустақар дар атрофи Душанбе дар хост кардааст, ки барои бозгушоии роҳҳои масдуд шуда, бо ширкатҳои роҳдории ин ҷумҳурӣ, ҳамкорӣ намояд.