Оё раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон тағйир мекунад?
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i13928-Оё_раиси_Ҳизби_сотсиал_демократи_Тоҷикистон_тағйир_мекунад
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо эъломи хабари баргузории Анҷумани ин ҳизб дар баҳори 2017 гуфтааст, ҳанӯз дар бораи номзадии дубораи хеш барои раёсати ҳизб, тасмим нагирифтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 27, 2017 07:48 Asia/Dushanbe
  • Оё раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон тағйир мекунад?

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо эъломи хабари баргузории Анҷумани ин ҳизб дар баҳори 2017 гуфтааст, ҳанӯз дар бораи номзадии дубораи хеш барои раёсати ҳизб, тасмим нагирифтааст.

Ба гузориши сойти ТоҷИнфо, Раҳматуллоҳ Зоиров таъкид кардааст, ки мавзуи раёсати Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Анҷумани ин ҳизб, ки дар моҳи марти имсол дар Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ хоҳад шуд.

Зоиров, ки аз соли 1998 раёсати ин ҳизбро бар ӯҳда дорад гуфтааст, ки дар авоили моҳи марти имсол, феҳристи номҳои намояндагон барои ширкат дар Анҷумани ин ҳизб дар Душанбе, тадвин мешавад ва ба эҳтимоли зиёд, дар рӯзи 18 март ин нишаст баргузор мегардад.

Ин ҳизб дорои 12 ҳазор узв аст ва пештар дар қиболи барнома ва сиёсатҳои ҳукумати ин кишвар, мавзеъи интиқодӣ дар пеш гирифта буд, аммо тайи ду соли ахир пас аз мамнуъ шудани фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, сотсиал-демократҳо низ фаъолитҳои сиёсии худро коҳиш додаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, фаъолитҳои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, таҳти таъсири фазои ташдиди фишор бар мухолифон дар ин кишвар қарор гирифтааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Зоиров муътақид аст, бо барномарезии ҷадид ва ислоҳот дар сохтори Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон нақши фаъолтаре дар ҳаёти сиёсии ин кишвар бозӣ хоҳад кард.