Боздошти як тоҷик дар Украина ба иттиҳоми иртибот бо терроризм
(last modified Mon, 27 Feb 2017 06:51:16 GMT )
Феврал 27, 2017 11:51 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як тоҷик дар Украина ба иттиҳоми иртибот бо терроризм

Мақомоти Хадамоти давлатии марзбонии Украина, аз боздошти як шаҳрванди 34 солаи Тоҷикистон бо шиносномаи қалбакии қирғизӣ хабар додаанд, ки аз Истамбули Туркия қасди вуруд ба ин кишварро доштааст.

Ба гузориши сойти Ахбор, ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи шаҳри Лвов- дар ғарби Украина, натавонист дар бораи иттилооти шиносномаи қирғизии хеш посух диҳад ва маълум шуд, ки ӯ дорои гузарномаи хориҷии тоҷикистонӣ низ ҳаст.

Мақомҳои марзбонии Украина бо боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми узвияти эҳтимолӣ дар гурӯҳҳои террористӣ, таҳқиқ дар ин заминаро оғоз кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир пулиси Украина низ алайҳи ин шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми қалбакии аснод ва ироаи шиносномаи тақаллубӣ, парвандаи ҷиноӣ ташкил додааст.

Ин дар ҳоле аст, ки дар моҳҳои август ва ноябри соли гузашта (2016), пулиси Украина чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз Туркия ба шаҳрҳои мухталифи ин кишвар ворид шуда буданд, ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористи ДИИШ боздошт кард.

Мақомоти амниятии Украина мегӯянд, теъдоде аз ҷангҷӯёни тоҷикистонии гурӯҳи террористии ДИИШ барои хурӯҷ аз Сурия ва Ироқ ибтидо вориди Туркия мешаванд ва сипас ин кишварро ба мақсади Украина тарк мекунанд, зеро миёни Украина ва Тоҷикистон низоми раводид барқарор нест.

Мақомоти Додситони кулли Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳазору 500 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаанд, ки дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд ва 300 нафар аз ин афрод, дар ин даргириҳо кушта шудаанд.

Барчасп