Феврал 27, 2017 12:55 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки низомиёни Русия барои рафъи оқибатҳои тарма дар Тоҷикистон

Воҳидҳои муҳандисии пойгоҳи низомии 201 артиши Русия мустақар дар атрофи Душанбе, барои бозгушоии роҳҳои масдуд шуда, дар масири Душанбе –Хуҷанд, иқдом ба истифодаи таҷҳизоти ҷадид барои пок кардани барф ва ёфтани афроде кардаанд, ки ба эҳтимоли зиёд дар зери тарма гирифтор шудаанд.

Ба гузориши сойти Спутник, фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия, ки пойгоҳи низомии 201 тобеъи ин ҳавза аст, аз истиқрори дармонгоҳи сайёр ва маркази мухобиротӣ дар ноҳияи Варзоб барои дармони осебдидагон ва тақвияти иртиботи моҳвораӣ, ба манзури иттилорасонии сареъ аз сарнавишти афроди нопадид шуда бар асари тарма дар роҳи Душанбе – Хуҷанд хабар дод.

Бар асос ин гузориш, воҳидҳои муҳандисии пойгоҳи низомии 201 артиши Русия дар ин амалиёт, аз дастгоҳи вижаи тасвирбардорӣ ва филизёб баноми “Коршун” (уқоб) истифода мекунанд, ки аз тавоноии мушоҳидаи аҷсод ва ашёи электроникӣ, назири телефони ҳамроҳ ва соат бархӯрдор аст.

Ҳамчунин ин воҳидҳо дар чанд минтақаи муҳими ин роҳ, ки бештарин мизони барфро дар пайи фаромадани тарма ҷамъ карда буд, бо амалиёти инфиҷорӣ муваффақ ба бозгушоии масирҳо шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, аз авохири моҳи январи гузашта, то 26 феврал дар масирҳои иртиботии марказ бо шимол ва марказ бо шарқи ин кишвар беш аз 100 маврид фаромадани тарма сабт шуда, ки дар бархе аз манотиқ, иртифои он ба 15 метр мерасид.

Дар ин ҳаводис 17 нафар кушта ва теъдоде низ нопадид шудаанд.

Барчасп