Феврал 28, 2017 10:25 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Путин бар ҳалли мушкили муҳоҷирони тоҷики мамнуъ-ул-вуруд ба Русия

Раиси ҷумҳурии Русия бар зарурати ҳалли мавзӯи афви коргарони муҳоҷири ихроҷшудаи Тоҷикистон аз кишвараш таъкид кард.

Ба гузориши “Спутник”, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои Тоҷикистониаш Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе, аз имзои чанд санади ҳамкории ҷадид дар бораи масоили муҳоҷират миён ду кишвар хабар дод.

Путин бо баёни ин ки “мо нигарони шарикони тоҷики худро дар бораи мушкилоти муҳоҷират дар шароити феълии иқтисодии Тоҷикистон дарк мекунем”, таъкид кард: “Ниҳодҳои марбут дар Русия ва Тоҷикистон мавзӯи афви он идда аз коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик аз Русияро, ки ба далоили мухталиф аз ҳаққи вуруди муҷаддад ба ин кишвар маҳрум шудаанд, баррасӣ ва пешниҳоди худро барои ҳалли ин мавзӯъ ироа кунанд”.

Мақомоти Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон теъдоди коргарони муҳоҷири депортшуда ва мамнуъ-ул-вуруди ин кишвар аз Русияро 304 ҳазор нафар эълом карда ва афви ононро аз сӯйи мақомоти Русия хостор шудаанд.

 Бино бар гузориши манобеи ҳукумати Русия, шаҳрвандони тоҷик дар соли 2016 аз Русия ба Тоҷикистон як миллиарду 900 миллион доллар пул ирсол карданд, ки баробар бо як сеюми тавлиди нохолиси дохилии ин кишвар аст.

Ба гуфтаи коршиносон, даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия манбаи муҳими ҳифзи суботи иқтисодӣ ва маишати хонаводаҳо дар ин кишвар буда ва бо коҳиши ин манбаи молӣ дар 2 соли ахир, бозори муомилоти арзӣ дар Тоҷикистон дучори ошуфтагӣ шудааст.

 Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия рӯзи гузашта дар садри ҳайате аз мақомоти кишвараш вориди Тоҷикистон шуд ва бо раиси ҷумҳурии ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

 

Барчасп