Омӯзиши коргарони тоҷик қабл аз сафар ба Русия ҳатмӣ шуд
(last modified Wed, 01 Mar 2017 06:23:48 GMT )
Март 01, 2017 11:23 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши коргарони тоҷик қабл аз сафар ба Русия ҳатмӣ шуд

Тоҷикистониҳои ҷӯёи кор дар Русия аз ин ба баъд пеш аз сафар ба ин кишвар бояд маҳоратҳои касбӣ-техникиро дар кишварашон фаро бигиранд.

Ба гузориши Азия-Плюс, Нурулло Маҳмадуллозода муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки бар асоси тавофуқи ахири вазоратҳои кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва Русия ва бо ҳадафи танзими вуруди коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ба Русия бар асоси ниёзи бозори кори ин кишвар, афроди ҷӯёи кор дар Тоҷикистон бояд дар давраҳои омӯзиши касбӣ техникии кӯтоҳмуддат ширкат кунанд.

Маҳмадуллозода таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон 61 омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ бо 96 ришта зери назари Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоӣ фаъолият мекунад.

Ба гуфтаи ин мақоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии ин кишвар 105 ҳазор нафар омӯзиш дидаанд.