Март 04, 2017 10:03 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Иттиҳоди Аврупо ба тайиди ҳукми Ёров дар Додгоҳи олии Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо дар вокуниш ба тайиди ҳукми 23 соли зиндон барои Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон дар Додгоҳи олии ин кишвар, ин ҳукмро ғайришаффоф ва муғойир бо тааҳҳудоти байналмилалии ин ҷумҳурӣ унвон кардааст.

Ба иттилои сайти дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ин иттиҳод дар баёнияе таъкид кардааст, ки раванди баррасии дархости таҷдиди назар дар ҳукми 23 сол зиндон алайҳи ин вакили саршинос, ғайришаффоф ва бидуни ҳузури намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ, рӯзноманигорон ва аъзои хонаводаи вай тай шудааст, ки нақзи ҳуқуқи Ёров маҳсуб мешавад .

Ин баёния афзудааст, ки аз дидгоҳи Иттиҳоди Аврупо тайиди дубораи ҳукми 23 сол зиндон барои Бузургмеҳр Ёров муғойир бо тааҳҳудоти байналмилалии ҳукумати Тоҷикистон ва қавонини ҳуқуқӣ аст, ки давлати Душанбе мулзам ба риояти онҳост .

Иттиҳоди Аврупо дар ин баёния ёдовар шудааст, ки мақомоти қазоии Тоҷикистон пеш аз ин ваъда дода буданд, ки заминаи ҳузури намояндагони ин иттиҳод ва соири созмонҳои байналмилалиро дар раванди таҷдиди назар дар ҳукми содиршуда барои Бузургмеҳр Ёров дар Додгоҳи олии ин кишвар фароҳам хоҳанд кард .

Додгоҳи олии Тоҷикистон ахиран пушти дарҳои баста бо таҷдиди назар дар ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе алайҳи Бузургмеҳр Ёров мухолифат ва ҳукми 23 соли зиндонро барои вай тайид кард .

Додгоҳи шаҳри Душанбе дар моҳи октябри соли 2016 Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро ба иттиҳоми қаллобӣ, барангехтани низои қавмӣ, мазҳабӣ ва нажодӣ, даъват ба ифротгароӣ ва талош барои барандозии низоми сиёсӣ ба 23 ва 21 соли зиндон маҳкум карда буд .

Ёров пас аз таъсиси кумитаи дифоъ аз 13 узви боздоштшудаи Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015 ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуд .

Маҳкамов низ, ки масъулияти дифоъ аз вайро бар уҳда гирифта буд, муддате баъд ба иттиҳоми мушобеҳе дастгир шуд .