Март 04, 2017 10:13 Asia/Dushanbe
  • Зарфияти Тоҷикистон барои содироти оби нушокӣ

Як коршиноси иқтисодӣ дар Тоҷикистон муътақид аст, ки ин кишвар дар сурати истифодаи ба сарфа аз захоири об худ метавонад ба яке аз содиркунандагони оби ширин табдил шавад.

Ба иттилои сайти Toptj, Фаррух Абдувасиев гуфтааст, ки дар қаламрави Тоҷикистон 8 ҳазору 500 пиряхи бузургу кӯчак шиносоӣ шуда, ки бо беш аз 8 ҳазору 500 километри мураббаъ масоҳат, дорои 460 километри мукааб захоири оби нушокӣ аст.

Абдувасиев афзуд: Бо ин ҳол Тоҷикистон барои табдил шудан ба содиркунандаи оби нушокӣ бояд зерсохтҳои мавриди ниёзи ин бахшро фароҳам созад .

Ба гуфтаи ин коршиноси иқтисодӣ, таъмини ин зерсохтҳо муҷиби афзоиши содироти об, афзоиши саҳми ин маҳсул дар тавлиди нохолиси миллӣ, роҳандозии корхонаҳои ҷадиди тавлид ва бастабандӣв а низ иштиғолзоӣ дар дохили кишвар хоҳад шуд .

Абдувасиев таъкид кард, ки ҳамзамон бо барномаи ҷомеи афзоиши содироти оби нушокӣ ба хориҷ, бояд ба эътои имтиёзот ба бахши хусусӣ барои мушорикат дар ин раванд, ҳимоят аз тавлидкунандагони оби бастабандишуда ва бозорёбӣ ба манзури содироти об низ таваҷҷуҳ шавад .

 

Барчасп