Талоши Тоҷикистон барои тағйир дар тавозуни тиҷорати хориҷӣ
(last modified Sat, 04 Mar 2017 05:39:22 GMT )
Март 04, 2017 10:39 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои тағйир дар тавозуни тиҷорати хориҷӣ

Ҳукумати Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар 4 соли оянда тавозуни содирот ва воридотро ба нафъи содирот тағйир хоҳад дод.

Ба иттилои Азия-Плюс, мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон бо ишора ба инки ҳамакнун дар тарози тиҷорати хориҷии ин кишвар воридот се баробари содирот аст, эълом кардаанд, ки дар 4 соли оянда тарози тиҷорати хориҷии ин кишварро ба нафъи содирот афзоиш хоҳанд дод .

Омори соли гузашта нишон медиҳад, ки аз 3 миллиарду 300 миллион доллар арзиши муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон, 3 миллиарду 90 миллион доллари он марбут ба воридот будааст .

Бар асоси ин барнома, дар соли 2020 бояд аз ҳаҷми умумии 4 миллиарду 711 миллион долларии муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон, арзиши содирот ба як миллиарду 633 миллион доллар афзоиш ёбад.

Аз дидгоҳи тарроҳони ин барнома, нотавонӣ дар рақобат барои арзаи маҳсулот ба бозорҳои минтақа, зиёд будани ниҳодҳои таҳқиқ ва тафтиш аз бахши хусусӣ, муқаррароти дасту погири идорӣ, боло будани андоз ва набуд фазои озод барои фаъолияти тавлидкунандагон аз муҳимтарин мавонеи умдаи рушди содирот дар Тоҷикистон аст .