“Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон” дар Душанбе
Ойини “Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон” дар Тоҷикистон дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе оғоз шуд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, барномаҳои фарҳангии “Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон” имрӯзу фардо дар Тоҷикистон аз соати 10 то 17 баргузор хоҳад шуд.
Консерти мусиқии суннатии Ҷопон, намоиши рақси суннатӣ, либоси суннатӣ ва ҳунари чубтарошии ҷопонӣ ва намоиши филмҳои муосир аз ҷумлаи барномаҳои “Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон” дар Тоҷикистон аст .
Дар ин рӯйдоди фарҳангӣ, устодони саноеи дастӣ аз Ҷопон, Русия ва Эрон дар заминаи тавлиди керамик ҷопонӣ, гулороӣ, созҳои суннатӣ ва кимонои ҷопонӣ коргоҳҳои омӯзишӣ баргузор мекунанд.
Соли гузашта низ Тоҷикистон дар 12 ва 13 март мизбони “Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон буд.