Март 05, 2017 13:59 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Аврупо аз таъйиди ҳукми Ёров дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо дар вокуниш ба таъйиди ҳукми 23 соли зиндон барои Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар Додгоҳи Олии ин кишвар, ин ҳукмро ғайришафоф ва муғойир бо тааҳҳудоти байналмилалии давлати Тоҷикистон эълом кард.

Ба гузориши дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ин иттиҳодия бо интишори баёнияе таъкид кардааст, ки раванди баррасии дархости таҷдиди назар дар ҳукми 23 соли зиндон алайҳи ин вакили саршинос, ғайришафоф ва бидуни ҳузури намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ, рӯзноманигорон ва аъзои хонаводаи вай тай шудааст, ки нақзи ҳуқуқи Бузургмеҳр Ёров маҳсуб мешавад.

Пеш аз ин, Созмони Афви байналмилал низ дар эътироз ба раванди муҳокимаи аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили мудофеи ин ҳизб, баёнияи мушобеҳе содир карда буд. Давлати Тоҷикистон тайи чанд соли гузашта ба баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ ва ҳамкорӣ бо як низоми мухолифи давлати феълӣ, тамоми аъзои фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба ҳабсҳои тӯлонимуддат муттаҳам кардааст. Дар ҳақиқат чунин ба назар мерасад, ки давлати Душанбе на танҳо ҳеҷ гуна имтиёзе барои раҳбарон ва аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қоил нашуда, балки ба эътирозҳои байналмилалӣ низ бетаваҷҷуҳӣ кардааст. Дар ҳоле, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки ба ниҳодҳои ҳуқуқи башари Аврупо пайваста ва хостори ҳамкорӣ бо ин ниҳодҳо аст.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон ахиран пушти дарҳои баста, бо таҷдиди назар дар ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе алайҳи Бузургмеҳр Ёров мухолифат ва ҳукми 23 соли зиндонро барои вай таъйид кардааст. Ёров пас аз таъсиси Кумитаи дифоъ аз 13 узви боздоштшудаи Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015-и мелодӣ ба иттиҳоми кулоҳбардорӣ боздошт шудааст. Нуриддин Маҳкамов низ, ки масъулияти дифоъ аз вайро ба ӯҳда гирифта буд, муддате баъд ба иттиҳоми мушобеҳ дастгир шуд.

 Ногуфта намонад, ки Додгоҳи шаҳри Душанбе дар моҳи октябри соли 2016-и мелодӣ Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва Нуриддин Маҳкамов, вакили мудофеи Бузургмеҳр Ёровро ба иттиҳоми кулоҳбардорӣ, барангехтани низои қавмӣ, мазҳабӣ ва нижодӣ, даъват ба ифротгароӣ ва талош барои барандозии низоми сиёсӣ ба тартиб ба 23 ва 21 соли зиндон маҳкум кардааст. Бархе маҳофили сиёсии Тоҷикистон муқобилаи давлати Душанбе бо вакилони мудофеи Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистонро талоше ба манзури тафҳими ин амр ба вакилони тоҷик, ба манзури дифоъ накардан аз аъзои ин ҳизб талаққӣ кардаанд.

Ба назар мерасад, Иттиҳоди Аврупо низ бо ҳамин тавҷеҳ ба тарҳи даъво алайҳи давлати Душанбе иқдом кардааст. Дар айни ҳол, Иттиҳоди Аврупо дар баёнияи ахири худ ёдовар шудааст, ки мақомҳои қазоии Тоҷикистон пеш аз баргузории Додгоҳи таҷдиди назар ваъда дода буданд, ки заминаи ҳузури намояндагони ин иттиҳодия ва соири созмонҳои байналмилалиро дар раванди таҷдиди назар дар ҳукми содиршуда барои Бузургмеҳр Ёров дар Додгоҳи Олии ин кишвар фароҳам хоҳанд кард.

Аммо баргузории додгоҳ пушти дарҳои баста, охирин умедҳои Иттиҳоди Аврупоро барои озодсозии вакилони мудофеъ дар Тоҷикистон нақш бар об кардааст.