Август 06, 2016 10:28 Asia/Dushanbe
  • Панҷ ҳазор сомонӣ – хунбаҳои сарбози кушташудаи артиши Тоҷикистон

Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе Вазорати дифои Тоҷикистонро ба пардохти панҷ ҳазор сомонӣ барои ҷуброни хисороти Фирдавс Раҳматов, сарбоз кушташудаи артиши ин кишвар муваззаф кард.

Ба гузориши "Азиа плюс", бар асоси ҳукми додгоҳи низомии шаҳри Душанбе, дар пайи шикояти волидайни Фирдавс Раҳматов, сарбози яке аз воҳидҳои низомии артиши Тоҷикистон, ки дар моҳи июни соли 2015 бар асари  латукӯби ҳамхидматонаш ҷони худро аз даст дода буд, Вазорати дифои ин кишвар бояд маблағи панҷ ҳазор сомонӣ (муодили 810 доллар)-ро ба унвони ҷуброн ба хонаводаи мақтул пардохт кунад. Дар ҳамин ҳол, Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи ин хонавода ва намояндаи Созмони муқобила бо шиканҷа дар Тоҷикистон ҳукми додгоҳи низомии шаҳри Душанберо ғайримунсифона хонда, таъкид кардааст, аз ин ҳукм ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят хоҳад кард.

Созмони муқобила бо шиканҷа хостори пардохти маблағи 238 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 30 доллар) ба волидайни ин сарбози мақтул шуда буд.

Фирдавс Раҳматови 21-сола, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар моҳи майи соли 2015 дар хиёбон боздошт ва ба зӯр ба хидмати низоми сафарбар шуда, пас аз як моҳ ҷасади беҷони ӯ  ба хонаводааш таҳвил дода шудааст.

Дар пайи шикояти волидайни ин сарбоз, ки дар бадани ӯ осори латукӯб мушоҳида кардаанд, додгоҳи низомии вилояти Суғди се нафар аз ҳамхиматҳои Фирдавс Раҳматовро ба муҳлати аз 17 то 18 сол равонаи зиндон кард.