Март 06, 2017 09:56 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқ бар сари тарҳи дафни зуболаҳои ҳастаӣ дар Тоҷикистон

Тарҳи дафни зуболаҳои ҳастаии даврони Шӯравӣ дар шаҳраки Истиқлоли Тоҷикистон, дар қаламрави вилояти Суғд бо ҳазинаи 734 миллион рубл, ки аз се чаҳо ҳиссаи онро Маскав хоҳад пардохт, омода шудааст.

Ба гузориши сойти Спутник, Андрей Голиней -мудири Маркази амнияти ҳастаии Русия гуфтааст, ки бар асоси тавофуқ бо Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, тарҳи эминсозии маҳалли дафни зуболаҳои ҳастаӣ дар шаҳраки Истиқлол омода шудааст, ки ҳисоркашии перомуни макони пасмондаҳо ва беасарсозии ин маводро шимол хоҳад шуд.

 Ба гуфтаи Мирзошокир Ҳоҷиён-муовин мудири идораи металҳои рангаи Тоҷикистон, дар беш аз 50 соли фаъолияти корхонаи тасфияи маъдани уран дар даврони Шӯравӣ, дар атрофи шаҳри Хуҷанд, дар қаламрави шаш ноҳияи вилояти Суғд, наздик ба 55 миллион тон зуболаи ҳастаӣ дафн шудааст, ки метавонад ба муҳити зисти ин минтақа ва саломатии шаҳрвандон хисоратҳои зиёде ворид кунад.

Акнун маконҳои дафни зуболаҳои ҳастаии боқи монда аз он замон, бидуни ҳифозат ва пӯшиши вижаи амниятӣ ба ҳоли хеш раҳо шуда, ки хатарноктарин минтақа шаҳраки Истиқлол ба ҳисоб меояд.

Дар сурати рух додани ҳаводиси табиӣ назири зилзила ва сел, ин пасмондаҳои ҳастаӣ мумкин аст, бо обҳои зерзаминӣ махлут шавад.

Дар солҳои ахир бинобар эъломи мақомоти беҳдоштӣ, афзоиши теъдоди афроди мубтало ба саратони хун дар бархе аз рустоҳои наздик ба маконҳои дафни ғайри эминии зуболаҳои ҳастаӣ дар навоҳии вилояти Суғд, мушоҳида мешавад.

Барчасп