Март 06, 2017 13:18 Asia/Dushanbe
  • Дурнамои пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

Устоди Донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон муътақид аст, ки узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба нафъи Душанбе хоҳад буд.

  Ба гузориши сомонаи “Stan Radar”, доктор Ғизол Муҳиддинова- яке аз имтиёзоти пайвастани Тоҷикистон ба ин иттиҳодияро, фароҳам шудани заминаи хурӯҷи ин кишвар аз бунбасти иртиботӣ медонад, зеро роҳи оҳани Тоҷикистон мустақиман ба шабакаи рейлии соири кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё муттасил хоҳад шуд.

  Вай дастрасӣ ба бозорҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро аз дигар имтиёзи Тоҷикистон унвон мекунад, ки метавонад заминасози ҷазби сармоя ва иштиғолзоӣ, дар дохили ин ҷумҳурӣ гардад.

  Озодии ҳаракати нерӯи кори тоҷикистонӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, муофияти коргарони муҳоҷир аз пардохти ҳазинаи муҷаввиз кор, иқомат ва бархӯрдор шудани онон аз бимаи дармонӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ, аз дигар мазиятҳои пайвастан ба ин иттиҳодия аст, ки аз нигоҳи молӣ ва ҳуқуқӣ барои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ бисёр муҳим аст.

  Ба гуфтаи Муҳиддинова, дар сурати пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, тарҳҳои рушди бахши энержии барқи обӣ, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ, сохти корхонаҳои кор карди маҳсӯлот, коркарди маодин ва филизоти ин ҷумҳурӣ, метавонад бо сармоягузории кишварҳои узви ин иттиҳодия амалӣ шавад.

 

Барчасп