Паноҳҷуёни тоҷик пушти марзҳои бастаи Лаҳистон
(last modified Tue, 07 Mar 2017 05:41:16 GMT )
Март 07, 2017 10:41 Asia/Dushanbe
  • Паноҳҷуёни тоҷик пушти марзҳои бастаи Лаҳистон

Созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар Лаҳистон мегӯяд, ки мақомот дархости даҳҳо нафар аз шаҳрвандони тоҷик барои ҳаққи паноҳандагӣ дар он кишварро рад кардаанд ва ба ин далел паноҳҷуён дар марзҳои Лаҳистон дармондаанд.

Ба иттилои расонаҳои Тоҷикистон, Даниел Витко, ҳуқуқдони Созмони Ҳуқуқи Башари Ҳелсинкӣ дар Лаҳистон гуфтааст, ки бисёре аз онҳое, ки мехоҳанд, дархости паноҳандагӣ кунанд, ҳаққи вуруд ба кишварро надоранд ва барои ҳамин муддатҳои тӯлонӣ дар марз мемонанд.

Як нафар шаҳрванди тоҷик, ки дар марзи Украина бо хонаводааш се моҳ боз интизор аст. Шиносномааш пур шудааст ва ҷое барои мӯҳр мондан надорад ва мӯҳлати иқоматаш дар Украина ҳам тамом шудааст.

Даниел Витко гуфтааст, теъдоди тоҷиконе, ки ба марзи Лаҳистон омада, дархости паноҳандагӣ мекунанд, маълум нест, зеро таҳқиқе дар ин замина сурат нагирифтааст. Танҳо дар марз бо Белорус аз 100 то 200 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон мунтазири вуруд ба Лаҳистон ва дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ ҳастанд.

Масоили паноҳҷуёнро Созмони Ҳуқуқи Башари Ҳелсинкӣ дар Лаҳистон таҳқиқ ва аз ҳаққи онҳо дар додгоҳҳои кишвар дифоъ мекунад. Соли 2016, 650 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳукумати ин кишвар дархости паноҳандагӣ кардаанд вале аксарияташон ҷавоби рад гирифтаанд.

Ахиран, як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Лаҳистонро барои роҳ надодани паноҳҷуён ва аз ҷумла паноҳҷуёни тоҷик ба қаламраваш танқид кард ва хост, ки ба ин таҷриба хотима дода шавад.

Ба иттилои Созмони Ҳюман Райтс Вотч, соли 2016 теъдоди зиёди паноҳҷуён аз Чеченистон ва Тоҷикистону Гурҷистон талош кардаанд, дар Лаҳистон ҳаққи паноҳандагӣ бигиранд ва рӯзона аз 200 то 300 нафар бо умеди роҳ ёфтан ба Аврупо ба инҷо меомадаанд.