Дидгоҳи сафири Узбакистон дар бораи раводид бо Тоҷикистон
Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон гуфт: Сухан гуфтан аз бардошта шудани комили раводид миёни Душанбе ва Тошканд ҳанӯз зуд аст.
Ба гузориши сайти Ахбор, Шоҳқосим Шоҳисломов дар маросими таҳвили кумакҳои башардӯстонаи Узбакистон ба осебдидагони барфи зиёд ва резиши тарма дар Тоҷикистон дар айни ҳол ибрози умедворӣ кард, ки кишвараш раводиди сафарро барои шаҳрвандони манотиқи марзии Тоҷикистон бекор кунад.
Шоҳисломов афзуд: Бардошта шудани комили раводид миёни Узбакистон ва Тоҷикистон ба авзои амниятии минтақа вобастагӣ дорад.
Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон аз қимати 145-долларии билети ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии Сомон Эйр дар масири Душанбе - Тошканд норизоятӣ карда ва гуфтааст, ки барои 45 дақиқаи парвоз миёни пойтахтҳои ин ду кишвари ҳамсоя ин қимат ғайримантиқӣ аст.
Шоҳисломов ҳамчунин афзуд: Бар асоси тасмими ширкати ҳавопаймоии милли Узбакистон аз моҳи апрели имсол парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Душанбе ва Тошканд аз сар гирифта хоҳад шуд.
Парвози ҳавопаймоҳои миёни Тоҷикистон ва Узбакистон 25 соли қабл дар моҳи майи соли 1992 ба таври якҷонба аз сӯи давлати Тошканд қатъ шуд.
Пас аз даргузашти Ислом Каримов раиси ҷумҳурии Узбакистон дар тирамоҳи соли 2016 ва рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев умедҳо ба беҳбуди равобити ин кишвар бо Тоҷикистон афзоиш ёфта аст.