Арзиши расмии доллар аз 8 сомонӣ фаротар рафт
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i14296-Арзиши_расмии_доллар_аз_8_сомонӣ_фаротар_рафт
Бонки Милии Тоҷикистон нахустин бор дар 15 соли охир, арзиши расмии доллар дар баробари сомониро беш аз 8 сомонӣ таъйин кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 08, 2017 07:43 Asia/Dushanbe
  • Арзиши расмии доллар аз 8 сомонӣ фаротар рафт
    Арзиши расмии доллар аз 8 сомонӣ фаротар рафт

Бонки Милии Тоҷикистон нахустин бор дар 15 соли охир, арзиши расмии доллар дар баробари сомониро беш аз 8 сомонӣ таъйин кард.

Ба гузориши сомонаи Бонки Милии Тоҷикистон, Бонки Милии Тоҷикистон ҳафтуми март арзиши долларро дар баробари сомонӣ дар бозори мубодилоти арзӣ 8 сомонию 4 дирам эълом кард, ки ин рақам пеш аз ин 7 сомонию 99 дирам буд.

Дар рӯзҳои охир дар бозори мубодилоти арзии Тоҷикистон арзиши доллар дар баробари сомонӣ раванди афзоишӣ дошта ва сабаби ошуфтагӣ дар бозори муомилоти дохилии ин кишвар шудааст.

Дар ҳоле ки аввалҳои моҳи феврал, як доллар дар баробари 7 сомонию 90 дирам то 7 сомонию ва 93 дирам хариду фурӯш мешуд, аммо акнун дар маркзҳои бонкӣ ва молӣ ҳар доллар ба қимати 8 сомонию 10 то 12 дирам муомила мешавад.

Ба гуфтаи фаъолони бахши хусусӣ акнун пайдо кардани доллар дар марказҳои бонкӣ ва молии Тоҷикистон коре душвор аст ва танҳо аз ду шӯъбаи бонкҳои хориҷӣ ба қимати болотар ва ба миқдори маҳдуд ин навъи арзро метавон харидорӣ кард.

Мақомоти Бонки Милии Тоҷикистон сабаби афзоиши арзиши долларро тақозои зиёд барои хариди он ва коҳиши мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия унвон мекунанд.

Бо ин ҳол иқтисоддонони тоҷик мӯътақиданд, коҳиши содирот ва идомаи тавозуни манфии тиҷорӣ дар Тоҷикистон сабаби камбуди шадиди доллар дар ин кишвар шудааст.