Шиносномаи Тоҷикистон 140 шиносномаи муътабари ҷаҳон
Бар асоси эътиборсанҷии Муассисаи таҳқиқоти байналмилалии “Nomad Capitalist”, гузарномаи Тоҷикистон нисбат ба гузарномаи кишварҳои Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон дорои эътибори бештаре аст.
Назарсанҷие, ки Муассисаи таҳқиқоти байналмилалии “Nomad Capitalist”, анҷом дода, эътибори шиносномаи Тоҷикистон дар байни 199 кишвари ҷаҳон дар раддаи 140 қарор дорад. Бар пояи ин эътиборсанҷӣ, шиносномаи Шведсия дар мақоми аввал қарор гирифтааст.
Дар ин назарсаҷӣ, шохисҳое чун шумораи кишварҳое, ки ба шаҳрвандони ин 199 кишвар бидуни виза иҷозаи вуруд медиҳанд, имкони доштани тобеияти дугона ё душаҳрвандӣ, хушномӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон, мизони эҳтиром ба озодиҳои фардиву умумӣ ва ҳаҷми молиёте, ки ҳукумат аз шаҳрвандони муқими хориҷ аз кишвар дарёфт мекунад, дар ин раддабандии Муассисаи таҳқиқоти байналмилалии "Nomad Capitalist" ба назар гирифта шудаанд.
Гузарномаи Афғонистон ҳамсояи Тоҷикистон ҳамчун беэътибортарин гузарномаи ҷаҳон дар қаъри ин феҳрист, дар ҷои 199-ум қарор дорад. Чин ҳамсояи дигари Тоҷикистон дар ин эътиборсанҷӣ дар мақоми 164-уми қарор гирифтааст.
Дар ин раддабандии Муассисаи таҳқиқоти байналмилалии "Nomad Capitalist" Шведсия, Белгия, Италия, Испания ба тартиб дар раддаҳои аввал то панҷум ва Амрико дар рутбаи 35-ум қарор доранд.