Март 09, 2017 10:56 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

Коршиноси тоҷик муътақид аст, ки дар ин кишвар ва хориҷ аз он, ҷонибдорон ва мухолифони пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё вуҷуд доранд, ки ҳар як аз ин гурӯҳҳо аҳдофи хешро думбол мекунад.

Ба гузориши сойти “Центр-1”, Шокирҷон Ҳакимов гуфтааст, ки Русия ва соири кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ҷонибдори пайвастани Тоҷикистон ба ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ мебошанд, Ғарб ва Чин бо ин тарҳ мухолиф ҳастанд.

Вай бар ин бовар аст, ки коргарони муҳоҷири тоҷик, созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи ин афрод ва маҳофили ҷонибдори Русия, дар дохили Тоҷикистон низ аз пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ҳимоят мекунанд. Зеро ин иқдом заминаи ҳаракати озодонаи коргарони муҳоҷири тоҷик дар қаламрави Русия, бидуни пардохти ҳазинаи иқомат ва муҷаввизи корро фароҳам месозад, ки ба нафъи ин афрод мебошад.

Аммо Амрико ва Ғарб ба шиддат бо тавсеаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бо меҳварияти Русия мухолиф мебошанд ва ин созмонро тақвияти раванди эҳёи Шӯравии собиқ медонанд. Ба далели вобастагии Тоҷикистон ба ниҳодҳои молии байналмилалии таҳти нуфузи Амрико ва Ғарб, мақомоти давлати Душанбе ба таври ошкор пайвастани ин кишвар ба ин ниҳоди ҳамгароии минтақаиро эълом намекунанд ва мегӯянд, ки дар ҳоли баррасии ин мавзӯъ ҳастанд. Аз сӯи дигар Чин низ ба далели нуфузи иқтисодӣ ва молии хеш ва ин, ки бузургтарин қарздиҳанда ба ин кишвар мебошад ва муқаррароти гумрукии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, монеаҳое дар роҳи вуруди колоҳои чинӣ ба Тоҷикистон эҷод мекунад, мухолиф ба пайвастани ин ҷумҳурӣ ба ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ мебошад.

 

Барчасп