Март 10, 2017 20:37 Asia/Dushanbe

Сафири Эрон дар Тоҷикистон Наврӯзро рӯзи оғози хилқат ва ҷашни эътидол ва хайрхоҳӣ хонд.

Ба гузориши хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа зимни суханронӣ дар конфронси мавсум ба "Нақши расонаҳо дар ҷаҳонӣ шудани Наврӯз ва таҳкими ҳамгироии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз" дар шаҳри Душанбе, бо баёни ин матлаб афзуд: “Мутаассифона, ҷаҳон акнун дар оташи ифрот ва тафрит ва кундравиву тундравӣ месӯзад ва башар имрӯз гумшудаи бузургтар аз эътидол надорад”.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон

Сафири Эрон дар ин конфронс, ки ба муносибати Рӯз матбуоти тоҷик доир шуда буд, аз асҳоби расона хост, ки бо таблиғи нақши эътидолгароӣ, ин коркарди арзишманди Наврӯз ба сутуҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ кашида шавад ва паёми оштиву сулҳу дӯстии Наврӯзро барои ҷаҳониён ошкор кунанд.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ бо ишора ба нақши калидии расонаҳо дар огоҳибахшии ҷомеа таъкид кард, дар сурати таомули созандаи асҳоби расона бо сиёсатмадорон, бидуни шак ихтилофоти иҷтимоӣ дар ҷомеаҳои башарӣ ба таври чашмгир коҳиш пайдо мекунад.

Нақши расонаҳо дар ҷаҳонӣ шудани Наврӯз

Хонум Адолати Мирзо, раиси Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабони “Афрӯз” ва сардабири нашрияи “Миллат” низ дар ин конфронс ҷашн Наврӯзро беҳтарин механизм барои таҳкими ҳамгироӣ байни ақвоми кишварҳои мухталиф донист.

Абдулқодири Абдулқаҳор, мудири китобхонаи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе мизони нишастҳои муштарак байни фарҳангиёни кишварҳои ҳавзаи Наврӯзро нокофӣ хонд ва афзуд: “Мо муваззаф ҳастем, ки фарҳанги Наврӯзро бештар ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем”.

Дар ин ҳамоиши минтақаӣ, ки бо ширкати намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз баргузор шуд, ҳамчунин сафири ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон ва дабирони аввали сафоратхонаҳои Афғонистон ва Қазоқистон низ суханронӣ карданд.

Нақши расонаҳо дар ҷаҳонӣ шудани Наврӯз

Абдулғаффори Камол, намояндаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон низ дар ин нишаст зимни истиқбол аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, бо муроҷиа ба асҳоби расонаи кишварҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯз таъкид кард, ки акнун рисолати онон аст, ки ба думболи ҷашн Наврӯз , фарҳанги Наврӯзро низ ҷаҳонӣ кунанд.

Гуфтанӣ аст, нишасти муштараки сафирон ва асҳоби расонаи кишварҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабони "Афрӯз", нашрияи "Миллат", чопи Душанбе ва китобхонаи шаҳрдории Душанбе ба номи Абулқосим Лоҳутӣ баргузор шуд.

Конфронси мавсум ба "Нақши расонаҳо дар ҷаҳонӣ шудани Наврӯз ва таҳкими ҳамгироии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз" дар шаҳри Душанбе

 Ҷузъиёти бештари ин хабар дар гузориши ҳамкорамон Беҳрӯзи Саидхоҷа аз Душанбе мавҷуд аст.

 

Барчасп