Март 11, 2017 10:23 Asia/Dushanbe
  • Фуруди изтирории ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” дар Хуҷанд  

Ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр”, ки дар хаттсайри Хуҷанд – Тароз – Маскав парвоз мекард, шаби 9 март баъди гирифтани сӯзишворӣ дар фурудгоҳи Тарози Қазоқистон ба ба далели вайрон шудани чархи қафояш парвозашро давом дода натавонист ва ба фурудгоҳи Хуҷанд бозгашт.

Ба иттилои сайти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ҳавопаймо тӯли 2 соат ба хотири кам кардани маводи сӯхташ дар болои фурудгоҳи Хуҷанд 8 бор давр зада, сипас нишасти изтирорӣ анҷом дод. Барои осон шудани нишасти ҳавопаймо хатти нишасти фурудгоҳи Хуҷандро бо кафк пур карда, мошинҳои сӯхторнишон ва "Ёрии таъҷилӣ”-ро ҳозир карда буданд.

Бо ин ҳол халабонҳои ҳавопаймо тавонистанд ҳавопаймо ва мусофиронашро бидуни осеб ба замин бишинонанд. Ягон нафар аз 140 мусофир ва 9 узви экипажи ҳавопаймо дар ин нишасти изтирорӣ осеб надидааст.

"Тоҷик Эйр” гуфтааст, ки иллати ба парвозаш идома дода натавонистани ҳавопаймо бояд таҳқиқ шавад, вале бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, чархи рости қафои ҳавопаймо осеб дидааст. Зоҳиран ба чархи ҳавопаймо дар фурудгоҳи Тароз ягон санг ё оҳанпора осеб расондааст.

Дар дохили ҳавопаймо 133 мусофири баркамол ва 7 кӯдак ва 9 узви экипаж (4 халабон, 4 меҳмондор ва як муҳандис) парвоз мекарданд.

Парвози TJK645 бояд аз рӯи ҷадвал, соати 21-25 ба фурудгоҳи Домодедовои Маскав менишаст.

Соли 2013 низ як ҳавопаймои "Тоҷик Эйр”, ки низ ба Маскав парвоз мекард, маҷбур шуда буд, дар фурудгоҳи Хуҷанд нишасти изтирорӣ анҷом диҳад.

Ҳавопаймоҳои ширкатҳои Тоҷикистон ба далели гарон будани нархи сӯзишвории авиатсионӣ дар худи ин кишвар маҷбур мешаванд, барои харидани маводи сӯхт дар кишварҳои ҳамсоя, аксаран дар Қазоқистон фуруд оянд.