Март 12, 2017 11:34 Asia/Dushanbe
  • доллар
    доллар

Бонки миллии Тоҷикистон барои фурӯши доллар дар марокизи муҷози молӣ ва бонкии ин кишвар, маҳдудияти ҷадид эъмол кардааст.

Ба гузориши сойти Бонки миллии Тоҷикистон, акнун ҳар шаҳрванд танҳо бо ироаи шиносномаи хеш метавонад, маблағи 200 долларро харидорӣ кунанд.

Бонки миллии Тоҷикистон ахиран эълом кард, ки ба манзури танзими муомилоти арзӣ дар ин кишвар, ки аз авоили моҳи марти соли ҷорӣ, дучори нобасомонӣ шуда ва заминаи афзоиши бесобиқаи қимати долларро фароҳам кардааст, даст ба эъмоли маҳдудият барои хариди доллар хоҳад зад. Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳафтуми марти соли ҷорӣ, арзиши долларро дар баробари сомонӣ дар бозори мубодилоти арзӣ, 8 сомону 4 дирам эълом кард, ки ин рақам пеш аз ин 7 сомону 99 дирам буд. Дар ҳоле, ки авоили моҳи феврал, як доллар дар баробари 7 сомону 90 дирам то 7 сомону 93 дирам хариду фурӯш мешуд, аммо акнун дар марокизи бонкӣ ва молӣ, ҳар доллар ба қимати 8 сомону 13 то 15 дирам муомила мешавад.

Ба гуфтаи фаъолони бахши хусусӣ, акнун пайдо кардани доллар дар марокизи муҷози бонкӣ ва молии Тоҷикистон коре душвор аст ва танҳо аз ду шӯъбаи бонкҳои хориҷӣ ба қимати болотар ва ба миқдори маҳдуд ин навъи арзро метавон харидорӣ кард.

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон, иллати афзоиши арзиши долларро тақозои зиёд барои хариди он ва коҳиши мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия унвон мекунанд.

Бо ин ҳол, иқтисоддонони тоҷик муътақиданд, коҳиши содирот ва идомаи тарози манфии тиҷорӣ дар Тоҷикистон, сабаби камбуди шадиди доллар дар ин кишвар шудааст.