Муқаррароти ҷадид барои таъсиси нашрия дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон барои таъсиси расонаҳои хабарии дидорӣ ва шунидорӣ, марокизи интишоротӣ ва дигар расонаҳо акнун иҷозатномаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ илзомӣ мешавад.
Ба иттилои сайти Toptj, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълом кардааст, ки бо тасмими ҳукумат, аз моҳи феврали гузашта барои таъсис ва сабти номи расонаҳои хабарии дидорӣ ва шунидорӣ ва марокизи интишоротӣ доштани тайидияи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ илзомӣ шудааст .
Бар ин асос дар баробари доштани иҷозатномаи агентии Тоҷикстандарт, хадамоти оташнишонӣ ва маълумотномаи тиббӣ барои таъсиси расонаҳои хабарӣ ва дидорӣ ва шунидорӣ ва марокизи интишоротӣ тайидияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ ҷузъи асноди илзомӣ барои таъсис ва сабтиноми расонаҳои хабарӣ хоҳад буд .
Абдумалик Сафаров, коршиноси аршади Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар тавзеҳи ин иқдом гуфтааст, ки муқаррароти ҷадид барои сабтиноми расонаҳои хабарӣ ва дидорӣ ва шунидорӣ ва марокизи интишоротӣ бо ҳадафи таъмини амнияти кишвар ва беҳбуди фазои иттилоърасонӣ эъмол мешавад .
Аммо Суҳайлӣ Миров, ҳуқуқдони тоҷик таъкид кардааст, ки илзомӣ шудани тайидияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои таъсиси расонаҳои хабарии дидорӣ ва шунидорӣ ва марокизи интишоротӣ дар ин кишвар навъе дугонагӣ эҷод хоҳад кард, зеро Қонуни асосии Тоҷикистон сензураро мамнуъ кардааст ва мушаххас нест, ки муқаррароти ҷадид бар асоси чи меъёрҳои ҳуқуқӣ эъмол мешавад .
Ба гуфтаи Миров, тасмими ахири ҳукумат бо Қонуни асосии Тоҷикистон муғойират дорад ва қабл аз эъмоли ин тасмим бояд қонуни матбуот ва расонаҳои хабарӣ ислоҳ мешуд .
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин кишвар 312 интишорот, 376 рӯзнома ва 10 хабаргузорӣ фаъолият мекунад, ки аксари ин расонаҳои хабарӣ ғайридавлатӣ ҳастанд .
Дар тоҷикистон теъдоди зиёде аз нашрияҳои хусусӣ, ки ба унвони рӯзнома сабтином шудаанд, ҳафтае як бор мунташир мешаванд .