Истирдоди парастори Гулмурод Ҳалимов аз Туркия ба Тоҷикистон
-
боздошт ва истирдоди парастори Гулмурод Ҳалимов
Мақомоти қазоии Туркия парастори Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷикистониро ба Душанбе истирдод кардаанд.
Ба гузориши сайти “Топ-тҷ”, Муҳаммад Маҳмадиеви 26 сола ахиран аз Туркия ба Душанбе мунтақил шудааст.
Мақомоти қазоии Тоҷикистон муддаӣ ҳастанд, ки Маҳмадиев дар соли 2015 дар Сурия, пас аз амали ҷарроҳии Гулмурод Ҳалимов, ба вай кӯмак кардааст.
Гуфта мешавад, ки Муҳаммад Маҳмадиев, сокини маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе буда, ки авохири соли 2016 аз сӯйи низомиёни Туркия дар амалиёте алайҳи гурӯҳи террористии ДИИШ дар наздикии шаҳри Манбиҷ, дар шимоли Сурия боздошт шуда буд.
Вай, ки донишҷӯи омӯзишгоҳи пизишкии шаҳри Душанбе дар риштаи парасторӣ буда, дар соли 2014 ба Маскав ва аз он ҷо ба Туркия ва сипас бо ҳадафи пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурия рафтааст.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон муддаиянд, ки Муҳаммад Маҳмадиев дар соли 2014 аз Туркия бо модараш тамоси телефонӣ доштаву дар замони ҳузури худ дар Сурия ба ҷангҷӯёни захмии гурӯҳи террористии ДИИШ хадамоти парасторӣ ва дармонӣ додааст.
Сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки номаш дар феҳристи таҳти таъқиби мақомоти қазоии ин ҷумҳурӣ ва Полиси байналмилал қарор гирифтааст, авохири апрели соли 2015 нопадид шуд ва авохири майи он сол бо интишори як паёми видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Ютюб, аз пайвастани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.
Ин авохир манобеи амниятии рус аз вогузории фармондеҳии нерӯҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар ғарби шаҳри Мусили Ироқ ба Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷикистонӣ хабар додаанд.