Март 15, 2017 12:28 Asia/Dushanbe
  • Хӯрокҳои суннатии Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар маърази фурӯш қарор гирифт то даромади он ба донишомӯзони камбизоат дода шавад
    Хӯрокҳои суннатии Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар маърази фурӯш қарор гирифт то даромади он ба донишомӯзони камбизоат дода шавад

Ҳамчун солҳои гузашта, имсол низ бо наздик шудан ба рӯзҳои поёнии соли ҳиҷрии ‌шамсӣ, мадрасаи Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ҷашни некӯкорӣ баргузор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, ин маросим дар қолаби "Ҷашнвораи ғизо" ва бо истиқболу ҳамкории хайрхоҳонаи волидайну донишомӯзони эронӣ ва афғонистонии муқими Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин маросим анвои хӯрокҳои суннатии се кишвари Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар маърази фурӯш қарор гирифт то даромади ҳосил аз он дар остонаи Наврӯз барои донишомӯзони камбизоат ҳазина шавад.

 

Барчасп