Март 16, 2017 11:01 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Бонки Осиёи Рушд бо афзоиши нархи барқи хонагӣ дар Тоҷикистон

Намояндаи Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикистон, бо афзоиши нархи барқ дар бахши хонагии ин кишвар мухолифат кард.

Ба гузориши сойти CA News, Си Си Ю дар нишасти хабарии худ дар Душанбе, гуфтааст, ки ин бонк барои афзоиши нархи барқи масрафии бахши хонагии Тоҷикистон, ҳеч тавсияе ба ҳукумати ин кишвар накардааст. Намояндаи ин бонк дар Тоҷикистон, бархе овозаҳои расонаӣ дар бораи нақши ин бонк дар афзоиши қимати барқ дар Тоҷикистон, барои кӯмак ба ислоҳоти иқтисодиро рад ва онро беасос унвон кард.

Си Си Ю таъкид кардааст, ки ин ниҳоди молӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеаи Тоҷикистон дар пардохти ҳазинаи барқи масрафӣ, кӯмакҳои молии ройгон мерасонад ва мувофиқи афзоиши қимати барқ дар шароити феълӣ, барои бахши хонагӣ нест.

Ҳукумати Тоҷикистон аз 24 феврали имсол, нархи як киловатт соат/барқ барои созмонҳои буҷаӣ, хадамоти барқ, об ва муассисоти варзишӣ, васоили нақлияи барқӣ ва истгоҳҳои обкашро афзоиш дод.

Ҳамчунин аз аввали моҳи ноябри соли гузашта эълом шуд, ки нархи ҳар киловатт соат/барқи масрафӣ барои бахши хонагӣ, аз 12,6 дирам ба 16,6 дирам хоҳад расид.