Азим Иброҳим: Таъминот бо ангишт ба талабот ҷавобгӯ нест
-
Изҳори норозигии Азим Иброҳим аз вазъи истихроҷ ва таъмин бо ангишт
Муовини нахуствазири Тоҷикистон дар дидор бо масъулини ширкатҳои истихроҷи маъдан бар зарурати афзоиши тавлиди ангишт дар соли ҷорӣ таъкид кардааст.
Тибқи иттилои расмӣ, Азим Иброҳим ахиран дар як ҷаласаи корӣ бо раҳбарони ширкатҳои истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон аз суръати афзоиши тавлиди ин навъи маводи сӯхт бо назардошти талаботи физояндаи корхонаҳои санъатии ин кишвар, ибрози норизоятӣ кардааст.
Азим Иброҳим гуфт, интизор аст, ки дар зимистони оянда дар шаҳри Душанбе боз 1500 бинои баландошёнаи дигар ба шабакаи воҳиди гармирасонӣ пайваст шаванд, аммо масъалаи таъминот бо ангишт аз ҳоли ҳозир ба талабот ҷавобгӯ нест.
Вай бо такя ба ҳисобҳои муқадамотӣ гуфтааст, ки талаботи воқеии иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ, аҳолӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ ба ангишт дар соли 2017 беш аз 1 милиону 800 ҳазор тонро ташкил медиҳад.
Муовини нахуствазири Тоҷикистон таъкид кардааст, ки иҷрои барномаи интиқоли ангишт барои моҳи марти соли ҷорӣ дар ҳадди 59 ҳазор тон комилан ба талаботи корхонаҳои санъатӣ ҷавобгӯ набуда ва масъулини соҳа мувазафанд, ки дар кутоҳмуддат ҷиҳати тағйир додани ин вазъ чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Тибқи омори Вазорати саноат ва фановариҳои навини Тоҷикистон аз оғози соли ҷорӣ то кунун дар ин кишвар 201 ҳазор тон ангишт истихроҷ шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 ҳазор тон зиёдтар аст.