Раванди афви муҳоҷирини тоҷик оғоз шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i15032-Раванди_афви_муҳоҷирини_тоҷик_оғоз_шуд
Мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, ки раванди  афви муҳоҷирони тоҷик  барои қонунӣ кардани будубош дар Русия шурӯъ шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 27, 2017 13:51 Asia/Dushanbe
  • Раванди афви муҳоҷирини тоҷик оғоз шуд

Мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, ки раванди  афви муҳоҷирони тоҷик  барои қонунӣ кардани будубош дар Русия шурӯъ шудааст.

Ба гуфтаи Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав, аз 25 март то 24 апрели соли ҷорӣ дар тамоми қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон имкони сабти ном ва қонунӣ кардани ҳузури хеш дар ин кишвар фароҳам шудааст. Ин манбаъ мегӯяд, дар муддати як моҳ он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо нақзи муқаррароти мавҷуда дар Русия ба сар мебаранд, метавонанд барои қонунӣ кардани фаъолияти кории хеш ба мақомоти зидахли ин кишвар муроҷиат кунанд. Иброҳим Аҳмадов дар идома афзудааст, ки баъди муроҷиати шаҳрванд ба ӯ корти  муҳоҷиратӣ ба муҳлати 90 рӯз содир мешавад ва ӯ имкон дорад, дар ин муддат будубоши худро ба таври расмӣ қонунӣ гардонад. Инчунин дар мавриди он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қаблан дар Русия ба феҳрасти афроди мамнӯъ-ул-вуруд шомил шудаанд, гуфта мешавад, ки агар ин афрод бо ҳукми додгоҳ ихроҷ шуда ва дар гузашта даст ба  ҷиноят задаанд, мавриди афв қарор намегиранд. Дар акси ин ҳолат афроди мамнӯъ-ул-вуруд ба Русия баъди муроҷиат ба мақомоти муҳоҷирати Русия имкон доранд, роҳи сафари хеш ба Русияро боз кунанд. 

Ёдовар мешавем, моҳи гузашта дар ҷараёни сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон Душанбе ба Маскав пешниҳод кард, ки ҳукми манъи вуруди он шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави ин кишварро, ки ҷиноят содир накардаанд, бозбинӣ шуда ва ин гурӯҳи шаҳрвандон мавриди афв қарор бигиранд.

Дар ҳоли ҳозир 270 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳруманд. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои расмии Вазорати кор, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар соли 2016 барои наздик ба 45 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик вуруд ба Русия манъ шудааст, ки ин теъдод дар қиёс ба соли гузашта 7 ҳазор нафар бештар будааст.