Аксари нашъамандон ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон афроди миёнсол ҳастанд
(last modified Wed, 29 Mar 2017 04:51:40 GMT )
Март 29, 2017 09:51 Asia/Dushanbe
  • Аксари нашъамандон ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон афроди миёнсол ҳастанд

Мудири Маркази назорат ва пешгирӣ аз нашъамандии вобаста ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон муътақид аст, ки аксари нашъамандон ба маводи мухаддир дар ин кишвар афроди миёнсол ҳастанд.

Ба иттилои Авесто, Хушбахт Ҳасанов гуфт, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 7 ҳазору 67 нафар ба унвони нашъаманд ба маводи мухаддир сабтином шудаанд, ки 175 нафар аз онон зан ҳастанд .

Вай таъкид кардааст, ки пас аз роҳандозии барномаи таблиғотии мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон, теъдоди афроди нашъаманд коҳиш ёфтааст. Ба тавре, ки дар соли 2015 дар Тоҷикистон шумори нашъамандон ба маводи мухаддир 7 ҳазору 313 нафар буда, аммо дар соли 2016 ин теъдод ба 7 ҳазору 67 нафар расидааст .

Ба гуфтаи вай, аз ин теъдод 4 ҳазору 740 нафар дар радаи синнии 35 то 59 сол қарор доранд, ки аксарияти ҷамъияти нашъамандро ташкил медиҳанд.

Хушбахт Ҳасанов бар ин бовар аст, ки бештарин теъдоди нашъамандон ба маводи мухаддир дар шаҳрҳо ва ба вижаи пойтахти Тоҷикистон сабтином шудаанд .

Аз дидгоҳи вай, иллати гароиши шаҳрвандон ба маводи мухаддир, дастрасии осон ба мавод, тақлиди насли ҷавон аз фарҳанги таҳмилии нашъамандӣ, вазъи номуносиби ақшори осебпазири ҷомеа ва намояндагони хонаводаҳои сарватманд мебошад, ки истифода аз маводи мухаддирро барои худ ифтихор медонанд .

Мудири Маркази назорату пешгирӣ аз нашъамандии вобаста ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз фавти 33 нафар дар соли 2016 дар ин кишвар бар асари истифода аз маводи мухаддир хабар додааст .