Таҳқиқи марги шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи Маскав
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i15132-Таҳқиқи_марги_шаҳрванди_Тоҷикистон_дар_боздоштгоҳи_Маскав
Додситони Маскав иллати марги як шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи ин шаҳрро таҳқиқ мекунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 29, 2017 18:22 Asia/Dushanbe
  • Таҳқиқи марги шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи Маскав

Додситони Маскав иллати марги як шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи ин шаҳрро таҳқиқ мекунад.

Ба гузориши дафтари матбуотии Додситонии кулли Русия, пайкари беҷони ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба иттиҳоми хариду фурӯш маводи мухаддир боздошт шуда буд, рӯзи 26-уми март дар дохили Боздоштгоҳи №1, воқеъ дар кӯчаи “Матросская тишина” пайдо шудааст. Таҳқиқи аввалия ҳокӣ аз он аст, ки марги ин шаҳрванди Тоҷикистон бар асари қатл набуда, балки ӯ ба иллати хафа кардани худ ҷон дода, аммо гурӯҳи таҳқиқӣ набудани назорати кофӣ ба вазъияти боздоштшудагони ин боздоштгоҳро таъйид кардааст.

Хабаргузории “Интерфакс” бо ишора ба кашфи ҷасди шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон дар боздоштгоҳ навиштааст, таҳқиқот нишон медиҳад, ки эҳтимолан ӯ худро хафа карда куштааст.