Нақши занон дар мудирияти Ҳукумати Тоҷикистон афзоиш меёбад
Дар нишасти рӯзи ҷумъаи аъзои Ҳукумати Тоҷикистон дар Кохи Миллати шаҳри Душанбе ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар мавзӯоти марбут ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва афзоиши саҳми занон дар бахши мудирияти ҳукумат мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба гузориши ОМИТ “Ховар”, дар ин нишаст тарҳи ислоҳи қонунҳои хадамоти гумрук, уҳдадории ҳарбӣ, андоз, мубориза бо фасоди молӣ, Қонуни ҳимояти Ҳукумати Тоҷикистон аз фаъолияти бахши хусусӣ тасвиб ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин нишаст ба зарурати захирасозии сӯхти кофӣ, аз ҷумла ангишт барои фаъолияти марказҳои саноатию тавлидӣ дар фасли зимистони оянда, пайвастани биноҳои шаҳри Душанбе ба Маркази гармидиҳии ҷадиди пойтахт, андешидани тадобири муассир ба манзури саривақт дарёфт кардани пули барқи масрафшуда аз марказҳои тавлидӣ ва бахши хонагӣ таъкид кардааст. Ҳамчунин дар нишасти аъзои Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи афзоиши саҳми занон дар бахши мудирияти давлатӣ барои солҳои 2017-2021 ва кумак ба рушди мусиқии суннатии тоҷик ба тасвиб расид.