Август 07, 2016 11:17 Asia/Dushanbe
  • Як ҳукми зиндони абад дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ

Раиси додгоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон мегӯяд, ки тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ, дар ин минтақа як маврид ҳукми зиндони абад ва ду маврид сафед кардани гумонбаршудагон содир гардидааст.

Ба гузориши сойти Азия плюс, Анварҷон Иброҳимзода, раиси додгоҳи вилояти Суғд, тайи нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфтааст, ки тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар додгоҳҳои вилояти Суғд, 2 ҳазору 201 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи сол қабл, 463 парванда бештар мебошад.

Вай таъкид кардааст, ки дар ин муддат бар асоси аҳкоми додгоҳҳо 766 нафар ба зиндон маҳкӯм шудаанд, ки 20 тан аз ин афрод зан ва 9 тан низ ноболиғ мебошанд. Ба гуфтаи вай дар ин муддат танҳо барои як нафар, ки қотили 5 узви як хонавода мебошад, ҳукми зиндони абад содир шудааст. Иброҳимзода мегӯяд, ки тайи ин муддат ду нафар аз афрод бар асоси шикоят дар қиболи аҳкоми додгоҳи аввалия аз сӯи додгоҳи вилояти Суғд, сафед шудаанд.

Аммо Бахтиёр Насруллоев, ҳуқуқдони тоҷик муътақид аст, ки дар Тоҷикистон низоми додгоҳии ин кишвар аз истиқлоли амал бархӯрдор нест ва ба ҳамин далел, хеле кам иттифоқ меафтад, ки додгоҳҳо битавонанд ҳукми бегуноҳии афродро содир кунанд. Зеро додгоҳҳо бар асоси дастури мақомоти ҳукуматӣ тасмим ба судури ҳукм мегиранд ва дар чунин шароите умедвор будан ба баррасии мунсифонаи парвандаҳои ҷиноятӣ иштибоҳ аст. Ҳарчанд, ки дар Қонуни асосии Тоҷикистон бар истиқлоли низоми додгоҳии ин кишвар таъкид шудааст, аммо дар амал ин асл вуҷӯд надорад. Аз сӯи дигар раисони бар асоси ҳукми раисиҷумҳурии Тоҷикистон мансуб мешаванд ва вобаста ба ҳукумати иҷроя мебошанд.