Зиёни "Сомон эйр" аз қатъи парвозҳо ба Русия
(last modified Tue, 04 Apr 2017 05:28:34 GMT )
Апрел 04, 2017 10:28 Asia/Dushanbe
  • Коршиносон муътақиданд, идомаи ин вазъ ширкати
    Коршиносон муътақиданд, идомаи ин вазъ ширкати "Сомон эйр"-ро мутаҳаммили хисороти фаровоне хоҳад кард.

Мамнуияти парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарии ширкати "Сомон эйр"-и Тоҷикистон ба Русия хисоратҳои молии фаровонеро ба ин ширкат ворид мекунад.

Ба гузориши “Спутник”, мудирияти ширкати "Сомон эйр"-и Тоҷикистон бо ибрози таассуф аз ин тасмими Вазорати ҳамлу нақли Русия ва узрхоҳӣ аз мусофироне, ки аз қабл билет харидорӣ кардаанд, эълом кардааст, ки пули ононро пас хоҳад дод.

 Коршиносон муътақиданд, ки бо таваҷҷуҳ ба оғози мавсими сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия барои кор ва афзоиши дархости парвоз ба шаҳрҳои мухталифи ин кишвар, идомаи ин вазъи ширкати "Сомон эйр"-ро мутаҳаммили хисороти фаровоне хоҳад кард.

Вазорати ҳамлу нақли Русия ба баҳонаи амал накардани Тоҷикистон ба тааҳҳудоташ дар заминаи судури муҷаввиз барои 7 парвози ширкати ҳавоии "Ямал" ба Душанбе ва Хуҷанд, аз рӯзи 3 –юми апрел парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон эйр" -ро мамнуъ кардааст.

 Ин дар ҳолест, ки қарор буд ширкати "Сомон эйр" аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд 7 парвози ҳафтагӣ ба Маскав дошта бошад.

 Андрей Дубров, мудири тиҷории ширкати ҳавоии "Ямал"-и Русия гуфтааст, ки Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон ба ҷойи пазириши пешниҳоди 4 парвози ин ширкат ба Душанбе ва Хуҷанд дар ҳар ҳафта, танҳо бо 2 парвоз ба ин ду шаҳр мувофиқат кардааст, ки нақзи тавофуқи дуҷониба аст.

 Дмитрий Попов, корманди Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии Русия муътақид аст, ки боло гирифтани таниш миёни Маскав ва Душанбе бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ сирван ангезаи иқтисодӣ дорад ва манофеи молии ширкатҳои ҳавоӣ ин мушкилотро эҷод мекунад.